Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (Абна), Шӯрои олии қазоии Ироқ эълом кард: ҳукми эъдоми ду нафар аз маҳкумони парвандаи қатли Оятуллоҳ шаҳид Муҳаммадбоқир Садр ва хоҳараш шаҳида Бинтулҳудо ро, ки дар дастгоҳҳои саркӯбгари режими мадъум Саддом дорои мансаб будаанд; содир кардааст.
Ба гузориши хабаргузории расмии Ироқ, Шӯрои олии қазоии Ироқ бо интишори баёнияе эълом кард: додгоҳи олии кифарии Ироқ, ҳукми эъдоми «Саъдун Сабрӣ» ва «Ҳайсам Абдулазиз» ду тан аз муҷримонро ба далели иртикоби ҷурми қатли марҷаъи динӣ Оятуллоҳ шаҳид Муҳаммадбоқир Садр ва хоҳараш шаҳида Бинтулҳудо дар соли 1980 содир кардааст.
Дар ин баёния омадааст, ин ду маҳкум, ки бо режими собиқ ва мадъуми Ироқ ҳамкорӣ карда ва манозибе дар дастгоҳҳои саркӯбгар доштанд, ба мушорикати худ дар ҷинояти қатли қурбониён дар минтақаи пули Диёло ва сипас интиқоли пайкари шаҳид Садр ба устони Наҷафи Ашраф эътироф кардаанд.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: ин ҳукм бар асоси моддаҳои 12 ва 15 қонуни додгоҳи олии кифарии Ироқ ба шумораи 10 соли 2005 ва бо истинод ба моддаи 406 банди 1/а аз қонуни муҷозот содир шудааст.
Дар январи гузашта, Созмони амнияти миллии Ироқ эълом кард, ки панҷ тан аз «ҷинояткортарин афрод» вобаста ба режими баъсии собиқро боздошт кардааст. Дар миёни ин афрод, омилони қатли марҷаъи динӣ шаҳид Оятуллоҳ Муҳаммадбоқир Садр ва хоҳари эшон, Бинтулҳудо, ва ҳамчунин теъдоде аз хонадони Оли Ҳаким ҳузур доранд.
Бар асоси баёнияи расмӣ, номи муттаҳамон ба шарҳи зер аст:
Саъдун Сабрӣ Ҷамил ал-Қайсӣ, бо дараҷаи сарлашкар дар идораи амнияти умумии собиқ. Ӯ дар фосилаи солҳои 1977 то 2003 самтҳое чун мудири шуъбаи панҷум, мудири амнияти устонҳои Басра, Майсон ва Наҷаф, ва мудири амнияти иқтисодӣ ва сиёсиро бар уҳда дошт. Вай дар бозҷӯие, ки беш аз 50 соат тӯл кашид, ба сароҳат эътироф карда, ки Оятуллоҳ Муҳаммадбоқир Садр ва хоҳарашро бо аслиҳаи шахсии худ эъдом кардааст. Ҳамчунин масъули эъдомҳои дастаҷамъии мухолифон ба иттиҳоми узвият дар ҳизби Даъвати Исломӣ, аз ҷумла эъдоми 80 нафар ва дафни онон дар гӯрҳои ҷамъӣ дар Фаллуҷа ва Диёло байни солҳои 1979 то 1985 будааст.
Ҳайсам Абдулазиз Фоиқ, бо дараҷаи сартип. Ӯ масъулиятҳое ҳамчун мудири амнияти ноҳия ва мудири шуъбаҳои панҷум ва чаҳорумро дошт ва дар эъдоми Оятуллоҳ Садр ва гурӯҳе аз аъзои ҳизби Даъват нақш доштааст.
Хайруллоҳ Ҳаммодӣ Абд Ҷорӯ, сарлашкари собиқ, дар постҳое чун мудири амнияти Захо, Балад, Русофа ва Карх фаъолият дошт. Вай масъули саркӯб ва боздошти мардум дар минтақаи Балад, ширкат дар эъдоми мухолифон, ва озори курдҳои файлӣ дар Бағдод дар соли 1974 будааст.
Шокир Яҳё, сарлашкари собиқ, мудири дафтари вазири кишвар ва мудири амнияти чанд устон аз ҷумла Бобил ва Найново буд. Вай дар эъдоми курдҳо дар соли 1984 ва ҷилавгирӣ аз баргузории маҷолиси азадорӣ пас аз террори Оятуллоҳ Муҳаммадсодиқ Садр даст доштааст.
Неъма Муҳаммад Суҳайл Солеҳ, сарлашкари собиқ ва мудири амният дар чанд устон. Ӯ муттаҳам ба шиканҷа ва боздошти беш аз 40 донишҷӯи донишгоҳ дар Сулаймония ва ҳамкорӣ дар боздошти мухолифон ва таҳвили онҳо ба марокизи шиканҷа дар Бағдод аст.
Дар моҳи феврал низ, Созмони амнияти миллӣ бахшҳоеро аз эътирофоти омили аслии қатли Оятуллоҳ Муҳаммадбоқир Садр ва хоҳари эшонро мунташир кард. Дар видеое мунташиршуда, Саъдун Сабрӣ эътироф кард, ки ба дастури Фозил ал-Баррок, раиси вақти амният, Оятуллоҳ Садр ибтидо таҳти ҳасри хонагӣ қарор гирифт ва сипас ба ҳамроҳи хоҳараш боздошт шуд.
Вай гуфт: «Оятуллоҳ Садрро ба шуъбаи дуввум ва хоҳарашро ба шуъбаи панҷум мунтақил кардем. Сипас дастури эъдом содир шуд. Онҳоро ба маҳалли иҷрои ҳукм бурдем. Вақте канори ҳам истоданд, Оятуллоҳ Садр хоҳарашро дар оғӯш гирифт ва гуфт: Дидорамон дар биҳишт. Сипас аз ҳам ҷудо шуданд. Ман бо аслиҳаи худам гулӯлае ба синааш шилик кардам. Яке дигар ҳам аз канорам хоҳарашро ҳадаф қарор дод. Намедонам бо калашников буд ё тапонча, чун фазо торик буд. Сипас ҷасади эшон ба хонаводааш дар Наҷаф таҳвил дода шуд.»
Your Comment